Маросими расмии супоридани мониторҳои порталии радиатсионӣ барои ошкор намудани моддаҳои ҳастаӣ ва радиоактивӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд
Рӯзи 27 феврал соли 2023 дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд маросими расмии супоридани мониторҳои порталии радиатсионӣ барои ошкор намудани моддаҳои ҳастаӣ ва радиоактивӣ баргузор гардид, ки ҳадафи он мубориза бо терроризм бо истифода аз силоҳи оммавии вайронкунанда мебошад, дар доираи татбиқи Нақшаи миллии амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои Қарори Шӯрои Амнияти СММ №1540.
Дар маросими мазкур ширкат доштанд: директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд – Курбони Алимардон; сардори Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд, генерал-майор Зафар Маҳмадиев; директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – Илҳом Мирсаидзода; намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ – Фарҳод Киемиддинов; намояндагони Барномаи миллӣ оид ба амнияти ядроии Вазорати энержии ИМА ва дигар меҳмонон.
Бояд зикр кард, ки ҳадафи насби ин мониторҳои порталии радиатсионӣ мубориза бо терроризм бо истифода аз силоҳи оммавии вайронкунанда ва пешгирии гардиши ғайриқонунии моддаҳои ҳастаӣ ва радиоактивӣ дар марзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Насби чунин таҷҳизот дар фурудгоҳ қадами навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм бо истифода аз силоҳи оммавии вайронкунанда, пешгирӣ ва назорати гардиши ғайриқонунии он мебошад.
Дар солҳои охир, мониторҳои порталии радиатсионӣ барои ошкор намудани моддаҳои ҳастаӣ ва радиоактивӣ дар гузаргоҳҳои гумрукӣ “Дусти”, “Нижний Пянҷ”, “Фотехобод”, “Гулистон”, “Саразм” ва Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе насб карда шудаанд. Дар доираи ин лоиҳа насби чунин детекторҳо дар фурудгоҳҳои байналмилалии Кӯлоб ва Бохтар ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон, дар доираи ин лоиҳа пешбинӣ шудааст, ки таҷҳизоти дастӣ фароҳам оварда шуда, кормандони хадамоти гумрук барои пешгирии гардиши ғайриқонунии моддаҳои ҳастаӣ ва радиоактивӣ омӯзонида шаванд.